Маҳсулоти солим ба ҳар як хонадон!

/ +992 / 44 600 8502

аз соати 8.00 то 17.00 дш-ҷм

Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вилояти Суғд, ш. Ғафуров
кӯч. К. Хобилов, 64

Истеҳсоли макарон

Дар ҶДММ «Зерновая компания» инчунин маҳсулотҳои макаронӣ бо тамғаҳои тиҷоратии «Буона» ва «Магна» истеҳсол карда мешавад, ки ин маҳсулот на танҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он низ писанди мизоҷон гаштааст. Бо туфайли амалиётҳои амудии якҷоякардашудаи мо, ки тамоми ҷанбаҳои ҷустуҷӯ, коркард, нигоҳдории фаъол ва назорати сифатро ҳангоми истеҳсоли орд идора мекунад, маҳсулот бешубҳа дорои сифати баланд мегардад.

Барои истеҳсоли маҳсулотҳои макаронии "Буона" ва «Магна» танҳо ду компонентҳои табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода мешаванд: орд ва об. Ҷоизи қайд аст, ки обҳои Тоҷикистон на танҳо бо тозагии худ, балки бо таркиби беназири унсурҳои микроэлементҳо, ки ба баланд шудани қобилияти зист мусоидат мекунанд, маълуманд.

Хатти истеҳсоли макарон системаи автоматиконидашудаи истеҳсоли макарони кӯтоҳбуридашуда буда, технологияеро истифода мебарад, ки аз Италия, пешсафи ҷаҳонӣ дар истеҳсол ва истеъмоли макарон мебошад, гирифта шудааст. Таҷҳизот ва технологияҳои Италия, ки барои истеҳсоли маҳсулотҳои макаронии «Буона» ва «Магна» истифода мешаванд, истеҳсоли маҳсулоти баландсифатро аз навъҳои аълои орд кафолат медиҳад.

Дастаи истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои макаронии мо таҷрибаомӯзиро барои такмили ихтисос дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ гузарониданд, ки омодагии онҳоро барои таъмин намудани маҳсулоти пайваста бо сифати баланд ба оилаҳое, ки мо хизмат мерасонем, кафолат медиҳад..

Хабарҳо